<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>F</key>
<hymn_number>67</hymn_number>
<title>Эй Дӯст, биё, роҳати ин қалби ғамгин бош! Хд67</title>
<lyrics>[C1]
.      C         F                A      Dm
   Эй Дӯст, биё, роҳати ин қалби ғамгин бош!
.     C         F               A     Dm
   Ту Нури ҷаҳонӣ, ба дилам ҷойгузин бош!

[V1]
.   F     C     F  C   Gm          Dm
 Вақте ки ба зулмот гардидам гирифтор,
.   F     C     F  C Gm         Dm
 Вақте ки мададгор оҷиз шуда аз кор,
.   F     C    F   C  Gm          Dm
 Вақте ки зи исён бар ман шуда душвор,
.     C        F               A     Dm
 // Боз ой, наҷотам деҳу сардори матин бош! //

[V2]
 Ҳастам ба Ту мӯҳтоҷ ҳар соату ҳар он,
 Файзи Ту раҳонад аз қудрати шайтон.
 Дар тирагии абр дар нур дурахшон,
 Пайваста ба ҳар ҷой маро ϸру Муин бош!

[V3]
 Вақте ки Ту, Шоҳо, оӣ ба канорам,
 Баракат зи Ту ёбам, раҳмат зи Ту дорам.
 Аз хасми бадандеш ман бим надорам,
 Боз ой наздики ману шоҳи азим бош!

[V4]
 Он дам, ки расад умр якбора ба охир,
 Он дам, ки шавад даҳр аз торикӣ дилгир,
 Он дам, ки шавад кавн як сар мутағайир,
 Эй Он, ки дигаргун нашавӣ, ҳамдами ман бош!

[V5]
 Ғамҳову аламҳо якбора зи бар рафт,
 В-аз талхии ҳар ашк якбора асар рафт,
 Аз марг бирафт неш, аз қабр зафар рафт,
 Эй Фотеҳи ман, дар дили ман Садрнишин бош!

[V6]
 То нақши салибат дар дида намоӣ,
 То аз дили зулмот рахшанда дароӣ,
 Дарҳои самовот бар ман бикушоӣ,
 Дар он бигузин ҷою маро рӯҳи умед бош!

[V7]
 Чун субҳи саодат дар даҳр аён шуд,
 Ҳар соя абас буд, дар нур фано шуд,
 Пайдоиши гетӣ бар нур бино шуд,
 Эй Нури ҳақиқӣ, Ту маро Нури яқин бош!</lyrics>
</song>